НАҚШИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ
Таҳти чунин унвон дар факултетҳои сохтмон ва меъморӣ ва технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ бо иштироки муовини декан оид ба тарбияи факултети сохтмон ва меъморӣ Муродов П, муовини декан оид ба тарбияи факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Каримов С, муаллими калони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ Самадов Ҳ.Ҳ ва донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро Парвиз Муродов ифттитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 33-солагии муқаддасоти миллӣ Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ибрози назар намуд, ки муқаддасоти миллӣ ин таҷассумгари арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва сиёсие мебошанд, ки дар тӯли садсолаҳо ҳувият, ифтихор ва ваҳдати миллии тоҷиконро ҳифз намудаанд. Дар шароити имрӯзаи ҷаҳони пуртазод, ки равандҳои ҷаҳонишавӣ ба худшиносии миллатҳо таҳдид менамоянд, пос доштани рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди бедордил аст.
Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ танҳо рамз нестанд, балки пайвандгари наслҳо, рамзи давлатдорӣ ва нишонаи ваҳдати миллат маҳсуб мешаванд. Аз ин рӯ, гиромидошт ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ кафолати пойдории истиқлолият, рушди ҷомеа ва таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ба ҳисоб меравад.
Дар идома Самадов Ҳ зимни маърузаи пурмуҳтавои хеш таъкид дошт, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати шадиди фарҳангҳо, танҳо он миллатҳо метавонанд мавқеи худро ҳифз намоянд ва устувор бимонанд, ки ба арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти давлатдории худ содиқанд. Пос доштани решаҳои таърихӣ, гиромӣ доштани муқаддасоти миллӣ ва тарбияи ватандӯстонаи насли наврас, заминаи боэътимоди пойдории миллат дар шароити муосир мебошад.
Бо дарки амиқи ҳамин воқеият, 12 ноябри соли 1991 Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ, ва дархости халқ оид ба гузаронидани озмун барои беҳтарин Парчам, Нишон ва матну оҳанги Суруди миллии давлатӣ қарор қабул кард.
Таъкид гардид, ки аз тарҳу аксҳои Парчаму Нишон пешниҳод гардида ҷои аввалро дар озмун гурўҳи корӣ, ки сарварии онро Зуҳур Ҳабибуллоев ба ўҳда дошт ишѓол намуд, ки муаллифи бевоситаи Парчам ва Нишони давлатӣ Маҳмадулло Сайдалиев эълон гардид.
24 – ноябри соли 1992 Иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нишон ва Парчами давлатиро дар шакли имрўзааш қабул намуд, ки Парчами давлатӣ аз се ранг, сурх, сафед, сабз ва акси тоҷу ҳафт ситора асос ёфт, ки ҳар кадоме аз акси он моҳияти таърихи ва аҳамияти сиёсиро дорост.