НАҚШИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 25.11.2025

НАҚШИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Бо ташаббуси бахши кор бо занони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо китобхонаи рақамӣ бахшида ба 33-солагии Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.
Кори мизи мудавварро Гуландом Норкулова ифттитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни миллӣ табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи аслӣ ва ҷовидонии давлатдорӣ, таҷассумгари таърихи пурғановати халқи тоҷик ва ифодаи нангу номус ва ҳисси баланди ватандорӣ мебошад. Ин рамз, ки дар саду ҳазорсолаҳо тағйир ёфтаву такмил гардидааст, имрӯз ҳамчун нишонаи ҳастии давлат ва ҳувияти миллии мо хизмат мекунад.
Дар идома Мавлуда Сатторова директори китобхонаи рақамӣ бо донишҷӯён суҳбати судманде атрофи парчами миллӣ ва нақши он дар таҳкими ваҳдати миллӣ оростанд.
Таъкид агшт, ки аҷдодони мо аз замонҳои бостон ба парчам эҳтироми бузург доштанд. Дирафши Ковиёнӣ яке аз қадимтарин парчамҳои тоҷикон буд, ки нишонаи ваҳдат, адолат, озодӣ ва давлатдории ориёӣ маҳсуб мешуд. Онро бо дурахш ва нур тавъам медонистанд ва ҳамчун рамзи муқаддас барои ҳифзи марзу бум ба сари найза меовехтанд.
Дар даврони шоҳони ориёӣ парчам на танҳо нишони давлат, балки рамзи нерӯ, сарбаландӣ ва ифтихори миллати тамаддунсози мо ба ҳисоб мерафт.Ин суннати қадима дар даврони истиқлолияти давлатӣ эҳё гашт.
Парчами имрӯзаи Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул шуда буд, на танҳо нишонаи давлати нав, балки идомаи мантиқии фарҳанги парчамдории аҷдодонамон мебошад.
IMG_6031IMG_6027IMG_6025IMG_6019IMG_6022IMG_6028IMG_6025

Назад к списку