ШУРОИ КУРАТОРОН

 04.12.2025

ШУРОИ КУРАТОРОН: ҲАМОҲАНГСОЗИИ МУАССИР ВА БАРРАСИИ ҲАДАФҲО ДАР РАВАНДИ ТАРБИЯ

Дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ва нақша – чорабиниҳои раёсати тарбия, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани бандҳои нақша, дар факултети энергетикӣ шурои кураторони гурӯҳҳои академӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., садорати факултет, кураторони гурӯҳҳои академӣ, сармутахассиси раёсати тарбия ва намояндаи шуъбаи дуюм ва бақайдгирии шиносномаҳои донишҷуён баргузор гардид.
Дар раванди баргузории шурои кураторон масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, музокирот доир ба масъалаҳои давомоти донишҷӯён, масъалаи қайди журналҳои синфӣ, натиҷагирӣ аз обунашавии донишҷӯён ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи рақамии донишгоҳ, таҳлил ва баррасии ҳолати аз қайд баровардани шиноснома ва гувоҳномаҳои ҳарбии донишҷӯёни курсҳои якум, арзёбӣ гардиданӣ сару либоси донишҷӯён, дастгирӣ ва омода намудани донишҷӯёни курсҳои поёнӣ ба конфронсҳо, семинару маҳфилҳо ва чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ, огоҳонидани донишҷӯён аз қоидаҳои тартиботи дохилӣ, фаҳмонидани тарзи дуруст истифода бурдани саҳифаҳои иҷтимоӣ ва фарҳанги истифодабарии телефонҳои мобилӣ, шинос ва огоҳ намудани донишҷӯёни курсҳои аввал аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва пешгирии онҳо аз шомилшави ба гурӯҳҳои мамнуву ифротгаро, пешгирӣ намудан аз ҳолат ва омилҳои коррупсионӣ, ҷалби донишҷӯписарон ба кафедраи ҳарбӣ, тарғиб ва ташвиқот намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ҳавасмандгардонӣ ва руҳбаланд намудани донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар озмуну олимпиядаҳои дохилидонишгоҳӣ сипарӣ шуданд.
Манучеҳр Юсуфзода декани факултет зимни суханронӣ аз кураторони гурӯҳҳои академӣ даъват ба амал овард, ки дар тарбияи насли наврас беш аз пештара камари ҳиммат баста, ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, арҷ гузоштан ба гузаштагон ва муқаддасоти миллӣ, дур будан аз ҷаҳлу ҷаҳолат ва хурофотпарастӣ, саҳми назаррас гузоштан дар рушди илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ, иштирок дар озмунҳову маҳфилҳо тарбия карда, кадрҳои баландихтисос омода намоянд. Зеро тавваҷуҳи роҳбарияти олии кишвар маҳз ба ҳамин самт, яъне ҷавонон, ки қишри ояндасози ҷомеа ном мебаранд равона гардидааст.

Назад к списку