ДАРСИ КУШОД: НОСИММЕТРИЯ ДАР ШАБАКАҲОИ ЭЛЕКТРИКӢ

 04.12.2025

ДАРСИ КУШОД: НОСИММЕТРИЯ ДАР ШАБАКАҲОИ ЭЛЕКТРИКӢ ВА ЧОРАБИНИҲО БАРОИ КОҲИШ ДОНАНИ ОН

Бо ташаббуси садорати факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар кафедраи электротаъминкунӣ дарси кушоди номзади илмҳои техникӣ, дотсенти кафедра Гулмуродзода Сайёд Гулмурод дар мавзуи “Носимметрия дар шабакаҳои электрикӣ ва чорабиниҳо барои коҳиш донани он” дар гурӯҳи 430102Б -и донишҷӯёни курси 4, бо иштироки декани факултет Юсуфзода М.Ю., Давлатшоев Р. – сардори Шуъбаи сифати таълим, Давлатзода Х. – муовини декан оиди таълим, Балаев М.А. – дотсенти кафедраи ЭТК, Воҳидов М.М. – и.в.дотсенти кафедраи ЭТК, Ҷамолзода Б.С. – дотсенти кафедраи ЭТК, Маҷидов Ғ.Х. – муаллими калони кафедра баргузор гардид.
Раванди дарсро Гулмуродзода С. Г. бо истифода аз технологияи электронии муосир дар шакли слайдҳои пурмазмун оғоз намуд. Дар ҷараёни дарс донишҷӯён фаъол буда, ҳар як масъала бо истифода аз мисолу маъалаҳои марбут ба энергетикаи кишварамон бо сифати баланд гузашт.
Таъкид гашт, ки манбаи асосии асимметрияи ҷараён ва шиддат дар режимҳои муқаррарии кори системаҳои барқӣ фарқияти фазаҳои параметрҳои электрикии хат мебошад.
Асимметрия дар параметрҳои хатҳои барқии ҳавоӣ аз хусусиятҳои конструктории онҳо вобаста аст. Ҳангоми сохтани хатхои баландшиддати (ЭВХ) ба масъалаҳои асимметрия таваҷҷуҳи махсус дода мешавад, зеро дарозии онҳо дар баъзе қитъаҳо ба 500 - 1000 км мерасад. Хатҳои анъанавии 500–1150 кВ маъмулан такягоҳҳои якқабата бо фазаҳои уфуқӣ истифода мешаванд. Барои маҳдуд кардани ин намуди асимметрия, интиқол одатан ҳамчун усули оддӣ, боэътимод ва ҳамзамон самаранок истифода мешавад.
Гузаронидани ноқилҳои фазавӣ, яъне тағйири даврии мавқеъи нисбии онҳо муқовимати тӯлонӣ ва кунҷии дар натиҷа ба вуҷуд омадаро дар маҷмӯъ симметризатсия мекунад.
Дар фарҷоми дарс Сайёд Гулмуродзода ба саволҳои пешниҳоднамудаи донишҷӯён ҷавоби саҳеҳ ва мушахас дода, мавзӯи лексиониро ба анҷом расонид.

Назад к списку