ДАРСИ КУШОД: ЁРИИ АВВАЛИН БА ЗАРАРДИДА

 04.12.2025

ДАРСИ КУШОД: ЁРИИ АВВАЛИН БА ЗАРАРДИДА ҲАНГОМИ ОСЕБ АЗ ҶАРАЁНИ ЭЛЕКТРИКӢ

Бо ташаббуси факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дарси кушоди омӯзгори кафедраи нерӯгоҳҳои электрикӣ Бобозода Шукруллоҳ Абдуғафор аз фанни Бехатарии элекрикӣ барои донишҷуёни курси 3-юми гурӯҳҳои 430101-А1 ва А2 ихтисоси нерӯгоҳҳои барқӣ , дар мавзуъи “Ёрии аввалин ба зарардида ҳангоми осеб аз ҷараёни электрикӣ” бо истифода аз аёният дар ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Дар рафти баргузории дарси кушод аз ҷониби Шукруллоҳ Бобозода тарзу усули расонидани нафаси сунъӣ, маҳси берунаи дил ва миқдори зарурии он барои эҳё намудани ҷабрдида дар маникенти озмоишӣ амалан нишон дода шуд.
Дар навбати худ донишҷӯён бонавбат, дар амал усули расонидани нафаси сунъӣ ва маҳси беруни дилро гузарониданд. Дар рафти машғулияти амалӣ донишҷуён бевосита, ҷиҳати расонидани нафаси сунъӣ ва маҳси берунаи дил малакаҳои корӣ ҳосил намуда, бо истифода аз маникенти озмоишӣ амалиётҳо анҷом доданд.
Бояд қайд намуд, ки омӯзиши амалиётҳои дар боло зикршуда, барои омода намудани муттахассисон аз назари тиббӣ мавқеъи хосса дошта, мутахассисони соҳаро барои амалиётҳои фаврӣ ва таъхирнопазир дар ҳолатҳои ба вуқӯъ омадани ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва таҳти таъсири ҷараёни барқӣ мондани кормандон омода менамояд.

Назад к списку