ДАРСИ КУШОД: НАҚШИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ

 04.12.2025

ДАРСИ КУШОД: НАҚШИ ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР РУШДИ ШАХСИЯТ ВА ҶОМЕА

Дар доираи мавзӯи мазкур бо ташаббуси факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар доираи барномаи таълимии дарси соати тарбиявӣ дарси кушод бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа Абдулҳаев А.И. дар гурӯҳи 430102А2 бо роҳбарии сарпарсти гурӯҳ муовини декан оид ба тарбияи факултет Ҳакимов Дилшод гузаронида шуд.
Дар дарси кушод вобаста ба дӯст доштани Ватан, муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ ва ташаккули ҳисси ватандӯстӣ иштирокчиён суханронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки бояд меҳри Ватан дар дилу маъвои мо ҳамешагӣ ҷо бошад. Ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ дар вуҷуди инсон тарбият меёбад.
Иштирокчиёни чорабинӣ аз баромаду суханрониҳо ба хулосае омаданд, ки меҳнати самимиву донишандӯзии пайваста калиди ҳама муваффақиятҳои илмиву эҷодӣ ва касбӣ мебошад.
 

Назад к списку