ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ - ЧОЛИШҲОИ АСРИ МУОСИР БАРОИ ҶАВОНОН

 04.12.2025

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-ТАРБИЯВӢ: «ХУРОФОТ ВА ИФРОТГАРОӢ - ЧОЛИШҲОИ АСРИ МУОСИР БАРОИ ҶАВОНОН»

Таҳти чунин унвон, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон семинари илмӣ – тарбиявӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, Бобозода Ш.А., мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа Абдулҳаев А.И., муовини декан оид ба тарбияи факултети механикӣ ва технологӣ Саидзода Б.С., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯёни факултети механикӣ ва технологӣ дар доираи дарси кураторӣ доир гардид.
Кори семиннаро Абдулвоҳид Абдулҳаев ифттитоҳ намуда, изҳор дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муқовимат бар зидди терроризм чорабиниҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавқеи марказиро Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ишғол мекунад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 тасдиқ шудааст. Дар Консепсия муқаррароти умумӣ, мақсад, вазифаҳо ва принсипҳои мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), самтҳои асосии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), механизми амалӣ гардонидани он пешбинӣ гардидааст.
Таъкид гардид, ки масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил ёфтааст. Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳо дониши дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Омили дигар дар он аст, ки дар раванди фаъолияти баъзе ҷавонони ноогоҳ омилҳои беруна низ таъсир мерасонанд.
Ҳамзамон, ибрози андеша карад шуд, ки масъалаи хурофотпарасатӣ миёни ҷавонон имрӯз мавриди баррасӣ қарор гирирфта, ҷиҳати аз байн бурдани ин омил чораҳои зарурӣ андешида барномаҳои махсус таҳрезӣ шудааст. Сабаб ба хурофот даст задани ҷавонон ин намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернетӣ ба шуури баъзе ҷавонон таъсири манфӣ мерасонад.
Гуфта шуд, ки танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир мебошанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои пешрафти ҷомеа нақши муассир дошта бошанд.

Назад к списку