ТАҲКИМИ САВИЯИ СИЁСИИ ҶАВОНОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ ҶИНОЯТКОРӢ

 04.12.2025

ХОНИШҲОИ СИЁСӢ: ТАҲКИМИ САВИЯИ СИЁСИИ ҶАВОНОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРӢ АЗ ҶИНОЯТКОРӢ

Бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва пешгирии ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, таҳкими савияи сиёсии донишҷӯён, огоҳонидан аз ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ ва созмонҳои террористию экстремистӣ дар доираи дарси кураторӣ хониши сиёсӣ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири бахши кор бо занон Раҷабзода Г.Р., мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа Абдулҳаев А.И., сармутахассиси раёсати тарбия Бадарғаев Ч ва донишҷӯёни факултети энергетикӣ баргузор карда шуд.
Чорабиниро Шукруллоҳ Бобозода ифттитоҳ намуда, вобаста ба масъалаи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, хурофотпарастӣ ва ифротгароӣ аз нигоҳи ҳамчун як ҷавони зодаи соҳибистиқлолӣ баррасӣ намуд.
Ҳамзамон Абдулвоҳид Абдулҳаев роҷеъ ба масъалаи терроризм ва экстремизм ҳамчун як ҷавони комилҳуқуқ баромад намуда, таъкид дошт, ки терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Терроризм ва ифротгароӣ ба оромию амнияти ҷаҳон ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам медиҳад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушд нахоҳад кард. Ҳадафи терроризм танҳо аз байн бурдани ҳуқуқи инсон, демократия ва волоияти қонун аст. Он ба арзишҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шартномаҳои байналмилалӣ қарор доранд, аз қабили эҳтиром ба ҳуқуқи инсон; волоияти қонун; таҳаммулпазирӣ байни халқҳо ва кишварҳо бевосита ҳамла намуда, дар амалишавии ин принсипҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Назад к списку