ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МУҲИММИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ХОБГОҲИ ДТТ

 31.01.2026

ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МУҲИММИ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ХОБГОҲИ ДТТ

Дар доираи дастуру супоришҳои Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, ҷиҳати иҷрои бандҳои нақша – чорабинии вобаста ба Паёми Пешвои миллат таҳрезишуда, бо ташаббуси раёсати тарбия силсилавохӯриҳо оид ба шарҳу тавзеҳи Паём бо истиқоматкунандагони хобгоҳҳои муассиса бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва мудири бахши иттилоот ва робита бо ҷомеа баргузор гашта истодааст.
Санаи 28 январи соли ҷорӣ дар хобгоҳи №8 вохӯрии судманд бо истиқоматкунандагони хобгоҳ оид ба шарҳу тавзеҳоти Паём баргузор гардид.
Вохӯрии мазкурро Шукруллоҳ Бобозода ифттитоҳ намуда, изҳор дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳимми барномавию сиёсӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ ва вазифаҳои стратегиро барои марҳилаи минбаъдаи пешрафти кишвар муайян намуд. Дар Паём бо такя ба таҳлили вазъи кунунӣ ва тамоюлҳои ҷаҳонӣ, афзалиятҳои миллӣ дақиқ гардида, масъулияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеа барои иҷрои ҳадафҳо таъкид мешавад.
Дар идомаи вохӯрӣ Абдулвоҳид Абдулҳаев зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон самти маориф ҳамчун яке аз соҳаҳои калидӣ ва омили асосии рушди устувори кишвар мавқеи махсус дорад. Пешвои миллат маорифро пояи асосии пешрафти ҷомеа арзёбӣ намуда, таъкид менамоянд, ки ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат ва ҷаҳонбинии насли наврас вобастагии мустақим дорад.
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар Паём ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсил, беҳтар намудани шароити муассисаҳои таълимӣ, истифодаи технологияҳои муосир ва тайёр намудани кадрҳои соҳибихтисос таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Ҳамчунин, зарурати омӯзиши илмҳои дақиқ, фанҳои табиатшиносӣ, технологияҳои рақамӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳамчун омили рақобатпазирии ҷавонон дар бозори ҷаҳонии меҳнат таъкид шудааст. Пешвои миллат инчунин ба нақши омӯзгор дар тарбияи насли солим ва ватандӯст ишора намуда, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгоронро вазифаи муҳим мешуморанд.

Назад к списку