БЕҲТАРИН КИТОБХОНА ДАР НОҲИЯ

 31.01.2026

КИТОБХОНАИ РАҚАМИИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БЕҲТАРИН КИТОБХОНА ДАР НОҲИЯ

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 20 апрели соли 2021, №219 ба тасвиб расидааст ва дар ин замина Қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе аз 21 ноябри соли 2025, №133 дар бораи баргузор намудани озмуни “Китобхонаи беҳтарин” бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур миёни вазорату кумита, ташкилоту муассиса ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия даври ноҳиявии озмуни «Китобхонаи беҳтарин» доир шуд.
Дар даври ноҳиявии озмун 32 китобхонаҳои ҳудуди ноҳия аз рӯйи чор номинатсия иштирок намуда, 12 китобхонаи беҳтарин ғолиби ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм дониста шуда, бо Сипоснома, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Боиси шарафмандӣ ва шодмонист, ки китобхонаи рақамии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар озмуни мазкур иштирок намуда, дар даври ноҳиявии он аз рӯйи номинатсияи “Китобхонаи беҳтарини илмӣ-соҳавӣ” сазовори ҷойи аввал гардид.
Мақсади асосии озмун рушди устувори китобхонаҳо, таҳкими заминаҳои моддиву техникии онҳо, истифодаву корбурди китоб дар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву идораҳои давлативу ҷамъиятӣ, ҷалби мутахассисони соҳаи китобдорӣ ба китобхонаҳо, тақвияти зеҳниву маънавии сокинони пойтахт ва ҷалби онҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад.
Мавриди зикр аст, ки соли сеюм аст Китобхонаи рақамии донишгоҳ дар озмун сазовори ҷойи аввал мегардад.
Бояд тазаккур дод, ки ғолибони даври ноҳиявии озмуни “Китобхонаи беҳтарин” ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд. Даври шаҳрии озмун то моҳи апрели соли 2026 баргузор гардида, ғолибони он дар чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ мешаванд.

Назад к списку