Занону модарон дар пешбурди ҳадафҳои давлат, ободии Ватан ва раванди созандагӣ фаъолона ширкат варзида, ба ин восита дар эъмори ҷомеаи демокративу дунявӣ ва озоду пешрафта саҳми шоиста мегузоранд.
Модар аввалин омӯзгори инсон аст. Пеш аз он ки кӯдак бо ҷаҳони беруна шинос шавад, ӯ ҷаҳонро тавассути муҳаббати модар дарк мекунад. Дар шуури кӯдак аввалин тасаввуроти ахлоқӣ, ҳисси адолат, эҳтиром ба инсон ва муҳаббат ба ватану миллат маҳз дар муҳити хонаводагӣ ташаккул меёбад. Модар бо суханони нарм, бо намунаи рафтори худ ва бо муҳаббати бепоён ҷаҳонбинии кӯдакро шакл медиҳад. Аз ҳамин сабаб ҷомеашиносон модарро ҳамчун асосгузори иҷтимоисозии шахсият мешиносанд, таъкид дошт ректори муассиса.
Дар идома як қатор кормандзанони фаъолу собиқадор ва донишҷӯёни соҳибистеъдод дар фазои тантанавӣ бо ифтихорномаҳои ректори донишгоҳ қадрдонӣ гардиданд.
Дар фарҷом баҳри болидарӯҳии занону модарон барномаи фарҳангӣ – маърифатии омоданамуда, бо иштироки санъаткорони мумтоз ва таронаҳои дилнишин пешкаш гардид.