БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...

 05.04.2026

БА ҲАР КОРЕ, КИ ҲИММАТ БАСТА ГАРДАД...

Субҳи имрӯз дар асоси нақша чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон аксияи экологӣ бо иштироки васеъи роҳбарият, кормандон, омӯзгорон, комендантони хобгоҳ ва донишҷӯён ҳашари дастаҷамъона дар хиёбони соҳилии пойтахт баргузор гардид.
 
Аҳли коллективи меҳнатии донишгоҳ соҳили дарёи Душанбенкаро аз партовҳо, қуттиҳои картонӣ, зарфҳои пластикӣ, ниҳолҳои хушкшуда ва шишапораҳо тозаву озода намуда, ба ҳусни шаҳр ва атрофи соҳили дарё назокати дигар зам намуданд.
 
Мавриди зикр аст, ки тозагии шаҳр нишонаи фарҳанг ва масъулияти ҳар як сокини он мебошад. Чидани партовҳо ва нигоҳ доштани покизагии кӯчаю хиёбонҳо, соҳилу роҳравҳо масъулияти ҷонии мо шаҳрвандон мебошад. Аз ин хотир фармудаанд:
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад гулдаста гардад.
647540854_1555613079900819_484918938661029405_n647546866_1555619949900132_1669169978522170180_n646964153_1555614459900681_7367684697182235814_n646765531_1555613729900754_6394384513919808405_n645498077_1555615366567257_5012291694543390859_n

Назад к списку