ҲАМКОРИҲОИ СТРАТЕГӢ ВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОИРАИ ФОРУМИ СЕЮМИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОН ВА УЗБЕКИСТОН
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ санаи 13 марти соли равон Форуми III-и ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳуриҳои Узбекистон ва Тоҷикистон бо иштироки Усмонов Б.Ш., ректори Донишкадаи технологияи химиявии Тошкент, Сидиқова С.Ғ., ректори Донишкадаи давлатии стомотологии Тошкент, Ғуломов А.А., ректори Донишгоҳи давлатии нақлиёти Тошкент, Тулаганов Б.А., ректори Донишгоҳи меъморӣ ва сохтмони Тошкент, Туркйилмаз Ч.Д., ректори Донишгоҳи давлатии техникии Бухоро, Махкамов Б.Ш., ректори Донишгоҳи технологияҳои итилоотӣ ба номи Муҳаммад – ал – Хоразмӣ, Усмонқулов А.Қ., ректори Донишкадаи техникии Ҷизах, Файзализода Б.Ф., и.в. директори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи Ломоносов дар шаҳри Душанбе, Ҷураев М.А., ректори филиали Донишгоҳи милли илм ва ва технологияи “МИСиС” дар шаҳри Душанбе, Гадоев С.А., муовини аввали директори филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти илмии «Институти энергетикии Москва» дар Душанбе, Саъдуллозода Ш.С., ректори Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон ва ҳайати олимону профессорон баргузор гардид.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир шуда, ҳамчун майдони муҳимми муколамаи илмӣ ва академӣ барои густариши ҳамкориҳои миёни донишгоҳҳои ду кишвар арзёбӣ гардид.
Дар доираи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмию таълимӣ, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ҳамкориҳои судмандро бо муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба роҳ мондааст. Ҳамкориҳо дар заминаи созишномаҳо ва харитаҳои роҳ амалӣ гардида, ба рушди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, табодули академӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳкими иқтидори кадрӣ равона шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки Форуми III-и ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи асосии он таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ, густариши робитаҳои академӣ ва рушди барномаҳои муштараки таҳсилотӣ миёни донишгоҳҳои ду кишвар мебошад.
Баргузории чунин форумҳо имконият фароҳам меорад, ки роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ масъалаҳои муҳими соҳаи маориф, таҳқиқоти илмӣ, рушди технологияҳои муосир ва татбиқи таҷрибаҳои пешқадамро баррасӣ намоянд. Дар доираи форум масъалаҳои мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон, ташкили барномаҳои таҳсилоти муштарак, амалисозии лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.