ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ”

 05.04.2026

ФУРӮҒИ ШОҲНОМА!

ОҒОЗИ ДАВРИ МУАССИСАВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо иштироки донишҷӯён баргузор гардид.
 
Дар расми ифтитоҳи озмун муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Маҷидзода Т.С., муовини ректор оид ба тарбия Аҳмадзода Б.С., муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдуллозода Р.Ҷ., сардори раёсати илм ва инноватсия Бозоров Ш., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири китобхонаи рақамӣ Сатториён М., мудири кафедраи забонҳо Қосимзода М. Ва омӯзгорони кафедраи забонҳо ширкат варзиданд.
 
Кори озмунро Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ аҳамияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ»-ро таъкид кард. Қайд карда шуд, ки ин озмун дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардида, ба ҳифз ва тарғиби мероси адабии ниёгон, аз ҷумла асари безаволи Абулқосим Фирдавсӣ - «Шоҳнома» равона шудааст.
 
Дар идома Рамазон Абдуллозода зик намуд, ки лоиҳаи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар ҳамоҳангӣ бо вазорату кумитаҳои дахлдор аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Иқдоми ташкили озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” дар суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ироа гардида, аз ҷониби аҳолӣ мавриди истиқбол қарор гирифт.
 
Ёдовар мешавем ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» соли 2026 ба ифтихори 35-солагии ҷашни муқаддаси миллии Истиқлоли давлатӣ бо мақсади таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгонамон давоми таърих баргузор мешавад.
 
Дар ҷараёни озмун донишҷӯён порчаҳо аз «Шоҳнома»-ро бо маҳорати баланд қироат намуда, донишу маҳорати худро нишон доданд. Иштирокчиён кӯшиш намуданд, ки мазмуну муҳтавои асарро бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва ҳунари суханварӣ баён намоянд.
Мавриди зикр аст, ки ҳадафи асосии озмун баланд бардоштани завқи китобхонӣ, арҷгузорӣ ба мероси гаронбаҳои адабӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ мебошад.
 
651237940_1561827595946034_341782459031600816_n649879964_1561831415945652_1944934550692394139_n650831805_1561829839279143_2303177487035608356_n649838877_1561828175945976_5486142200817654072_n652780303_1561827719279355_315844945779755700_n651798448_1561827279279399_489273993435337491_n

Назад к списку