ИМРӮЗ ДОВТАЛАБ ФАРДО МУҲАНДИС!

 05.04.2026

ИМРӮЗ ДОВТАЛАБ ФАРДО МУҲАНДИС!

Санаҳои 18 ва 19 марти соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Рӯзи дарҳои кушод барои довталабони соли таҳсили 2026-2027 баргузор гардид.
 
Мувофиқи нақшаи таҳрезишудаи раёсати донишгоҳ хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо кафедраҳои воқеъ дар бинои асосӣ, озмоишгоҳҳо ва синфхонаҳои барҳаво барои шиносоӣ роҳнамоӣ шуданд.
 
Сараввал довталабон аз озмоишгоҳҳои мошинсозӣ (аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон таъсис ёфтааст), озмоишгоҳи заргарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, озмоишгоҳи энергияи сабз, толори варзишӣ ва майдончаҳои варзишӣ дидан карданд.
 
Пас аз намоиш ва шиносоӣ бо иқтидори илмию техникӣ, модию маънавии донишгоҳ дар толори маҷлисгоҳи асосӣ роҳбарияти донишгоҳ бо довталабони вохӯрда, суҳбати самимӣ атрофи ихтисосҳои ҷадид ҷавобгӯ ба талаботҳои замони муосир ва стандарти байналмилалӣ доир намуданд.
 
Инчунин деканони факултетҳо барои муаррифии бештари ихтисосҳои факултет бо довталабони соли 2026 суҳбати алоҳида ороста, имконияти васеи интихоби касбу тахассуси ояндаро барои хатмкунандагон дар рӯзи дарҳои кушоди таълимгоҳ фароҳам овард.
 
652600723_1566095888852538_1212178969714683547_n652368443_1566096158852511_3295624792984057399_n653796408_1566096772185783_2040162362314294747_n651220340_1566094665519327_835655188595485850_n655013316_1566087128853414_3987522483479354196_n653704705_1566086162186844_8442221485507425589_n651270198_1566096702185790_6826200482833920096_n651722526_1566095338852593_2643946488290425383_n

Назад к списку