#ХУШХАБАР! МУЗАФФАРИЯТИ ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 05.04.2026

#ХУШХАБАР! МУЗАФФАРИЯТИ ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Бо камоли хушнудӣ иттилоъ медиҳем, ки дастаи варзишии волейболбозони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ҳисоби донишҷӯён мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз сазовори ҷойи дуюм гардиданд.
 
Дар доираи Нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе, бо дастгирии Раиси ноҳияи Шоҳмансур муҳтарам Олимзода Сафар Маҳмадшо аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Шоҳмансур аз санаи 13 то 18 март соли равон мусобиқаи ноҳиявӣ оид ба волейбол миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии ҳудуди ноҳия барои дарёфти Ҷоми Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Нарӯз баргузор гардид.
 
Мусобиқаи мазкур дар фазои дӯстона, эҳтироми тарафайн ва рӯҳияи баланди варзишӣ миёни донишҷӯён баргузор гардида, ба таҳкими дӯстӣ, рушди тарзи ҳаёти солим ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат намуд. Дар анҷоми мусобиқа дастаҳои ғолиб муайян гардида, бо Ҷом, медал, диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
652452719_1566109468851180_4778077951086525176_n655895688_1566109435517850_5773934967072640033_n653007452_1566109768851150_8985797724998900296_n651311447_1566109902184470_5498844742006560212_n
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Назад к списку