САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

 12.04.2026

САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

Иштироки кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар аксияи умумишаҳрӣ.
 
Санаи 11 апрели соли ҷорӣ, дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон - шаҳри Душанбе ва 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади саҳмгузории сокинон, аз ҷумла ҷавонон дар тозаву озода намудани кӯчаву хиёбонҳо, каналу ҷуйборҳо, майдончаҳои варзишӣ ва гирду атрофи бинову иншоотҳо дар якҷоягӣ бо "Волонтёрони экологӣ"-и назди Раиси шаҳри Душанбе аксияи умумишаҳрии "Саҳми ман дар шаҳри ман" баргузор гардид.
 
Дар ин маъракаи муҳим донишгоҳро мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва донишҷӯёни факултетҳои энергетикӣ ва механикӣ ва технологӣ муаррифӣ намуданд.
668122436_1586882640107196_2862603798950989750_n669014584_1586882466773880_6842945339863794624_n668592028_1586882266773900_4591060216687647103_n666493278_1586882546773872_9056011112977726165_n668592028_1586882266773900_4591060216687647103_n

Назад к списку