АЗ НАЗАРИЯ ТО АМАЛ: КУРСИ САЙЁРИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ИНШООТИ ОБТАЪМИНКУНИИ ВОДИИ ВАХШ

 27.04.2026

АЗ НАЗАРИЯ ТО АМАЛ: КУРСИ САЙЁРИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ИНШООТИ ОБТАЪМИНКУНИИ ВОДИИ ВАХШ

Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани банди нақша чорабиниҳо ва омода наудани мутахассисони ҷавон, дар доираи иҷрои Лоиҳаи «Сармоягузорӣ дар соҳаи обрасонӣ ва санитария дар Тоҷикистон» (WSIP-1) курси сайёри донишҷӯён дар иншооти обтаъминкунии водии Вахш ва боздид аз иншооти обтозакунӣ ва безараргардонӣ (ВОС) баргузор гардид.
 
Ин иқдом ба таҳкими донишҳои назариявӣ, ташаккули малакаҳои касбӣ ва шиносоии мустақими донишҷӯён бо равандҳои воқеии истеҳсоливу технологӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни курс, донишҷӯён бо сохтор ва фаъолияти системаи обтаъминкунӣ аз манбаъ то истеъмолкунанда шинос гардиданд.
 
Қисмати муҳими курс боздид аз иншооти обтозакунӣ ва безараргардонӣ (ВОС) буд, ки дар он донишҷӯён бо марҳилаҳои асосии коркарди оби нӯшокӣ аз наздик шинос шуданд. Аз ҷумла, равандҳои таҳшиншавӣ (седиментация), коагулятсия, филтратсия ва безараргардонӣ (бо истифода аз усулҳои хлоркунӣ ё дигар технологияҳои муосир) мавриди шарҳу тавзеҳи мутахассисон қарор гирифтанд. Донишҷӯён имконият пайдо карданд, ки кори таҷҳизоти технологӣ, назорати сифат ва риояи меъёрҳои санитариву гигиениро дар шароити воқеӣ мушоҳида намоянд.
 
Дар маҷмӯъ, курси сайёр дар иншооти обтаъминкунии водии Вахш ва боздид аз ВОС ба як майдони мукаммали ҳамгироии донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи амалӣ табдил ёфт. Ин таҷриба ба баланд бардоштани сатҳи омодагии мутахассисони ҷавон, рушди салоҳиятҳои касбӣ ва тақвияти ҳисси масъулият нисбат ба истифодаи оқилонаи захираҳои об заминаи устувор мегузорад.
 
679277679_1599507882178005_8276323298854467397_n680646565_1599508355511291_1276045113123391851_n679922972_1599508172177976_1107974407340045467_n679911705_1599508265511300_806466283224093801_n681181588_1599508128844647_3867087946957985275_n

Назад к списку