ОҒОЗИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

 02.05.2026

ОҒОЗИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН

Санаи 1 майи соли ҷорӣ, тибқи Нақшаи чорабиниҳои Моҳвораи ҷавонон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ чорабинии тантанавии варзишӣ бо иштироки муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Маҷидзода Т.С., сардори раёсати тарбия Асове К.М., мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Бобозода Ш.А., мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ Мухаммедов М, омӯзгорон ва донишҷӯён бо шукӯҳи шаҳомати хоса баргузор гардид.
Чорабиниро Тоҳир Маҷидзода ифттитоҳ намуда, ҷавонони саодатманди Донишгоҳи техникӣ ва дар симои онҳои кули ҷавонони шарафманди диёрро табрику муборакбод намуда, ишора намуд, ки ҷавонон нерӯи пешбаранда, қишри пешрафтаи ҷомеа ва муҳарики асосси дар самти бунёдгариву созандагӣ ба шумор мераванд.
 
Ҳамзамон зикр гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои баланд бардоштани мақоми ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити зарурӣ муҳайё гардида, барои амалӣ намудани ташаббусҳои ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муҳим роҳандозӣ карда шудаанд. Бо вуҷуди мушкилоти солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, Пешвои миллат нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия, соҳибкасб гардидани ҷавонон ва пайдо намудани мавқеи арзанда дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.
 
Дар идома Шукруллоҳ Бобозода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷиҳати таҳкими ҳисси худшиносӣ, боло бурдани ифтихори миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба ҳаёти фаъоли ҷамъиятӣ аҳамияти муҳим дошта, ба татбиқи самараноки сиёсати давлатии ҷавонон мусоидат менамояд.
 
Ҳамзамон зикр шуд, ки Моҳвораи ҷавонон ҳамчун платформаи муҳими тарбиявию маърифатӣ дар самти рушди ҳамаҷонибаи неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон нақши назаррас дорад.
685689158_1605825781546215_2390747276708522542_n686345404_1605825688212891_4935327123714679861_n685563981_1605827861546007_8753136831157546837_n685678898_1605826094879517_3916012146801268743_n684510402_1605825988212861_7898114531530201403_n687075480_1605825908212869_5418121888244158888_n

Назад к списку