ЭВОЛЮТСИЯИ МӮДИ БАЛАНД: АЗ УСТОХОНАИ ҲУНАРМАНДӢ ТО САНЪАТИ АВАНГАРД
02.05.2026
ЭВОЛЮТСИЯИ МӮДИ БАЛАНД: АЗ УСТОХОНАИ ҲУНАРМАНДӢ ТО САНЪАТИ АВАНГАРД
Дар асоси нақша чорабиниҳои кафедраи меъморӣ ва гашрсозии факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо мақсади сазовор истиқбол гирирфтани ҷашни муқаддаси умумимилии 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон, санаи 1 майи сорли равон дар доираи маҳфили доимоамалкунандаи “Меъморони ҷавон” нашри навбатии маҳфил дар Осорхонаи миллӣ таҳти унвони «Эволютсияи мӯди баланд: аз устохонаи ҳунармандӣ то санъати авангард» бо иштироки омӯзгорони кафедра ва гурӯҳи донишҷӯён баргузор гардид.
Дар рафти маҳфил масъалаҳои калидии ташаккул ва рушди мӯди баланд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таваҷҷуҳ ба он равона шуд, ки чӣ гуна мӯд аз сатҳи кори ҳунармандӣ ба як шакли муосири ифодаи бадеӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Ҳамзамон, таъсири мутақобилаи мӯд бо меъморӣ, санъат ва ҷомеа низ баррасӣ гардид, ки барои иштирокчиён хеле ҷолиб ва муҳим арзёбӣ шуд.