БАЗМИ ҶАВОНӢ ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН

 22.05.2026

БАЗМИ ҶАВОНӢ ДАР ДОИРАИ МОҲВОРАИ ҶАВОНОН

Шоми имрӯз, дар доираи нақшаи баргузории силсилаи чорабиниҳои идонаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии ҳудуди шаҳри Душанбе дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, чорабинии фарҳангӣ – фароғатӣ таҳти унвони «Базми ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Боғи фарҳангӣ - фароғатии устод Рӯдакӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
 
Чорабинии мазкур бо ибтикори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор шуда, дар он роҳбарияти донишгоҳ, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Чоршанбезода Сураҷ Сайнак ва масъулини муассиса иштирок ва суханронӣ намуданд.
 
Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба фароҳам овардани муҳити созгори фарҳангиву фароғатӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ ва эҷодии ҷавонон, баланд бардоштани сатҳи маърифати фарҳангӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат менамояд.
 
Дар идомаи чорабинӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ, китоб ва барномаи рангини фарҳангии дастаи ҳаваскорони ансамбли "Муҳандисони ҷавон" пешниҳоди иштирокдорон гардид.
 
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ ва руҳияи баланди идона ҷараён гирифта, иштирокдорон бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ифтихори миллӣ фароғат намуданд.
 
689483355_1618556013606525_5749667730066521438_n689020904_1618554996939960_2146306951259829321_n689023218_1618555923606534_3116077182790572010_n689481867_1618555740273219_4664133689832472439_n689482445_1618555583606568_3836035622368782110_n698504662_1618555196939940_3014494725308344364_n699571710_1618555140273279_2383181435275076623_n700078595_1618555680273225_1561471875601209742_n700453426_1618555083606618_4187107531363143537_n

Назад к списку