ҶАЛАСАИ КОМИССИЯИ ТАҚСИМОТИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2025-2026 ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ ВАЗОРАТҲОИ СОҲАВӢ, ИДОРАҲО, КОРХОНАҲОИ САНОАТӢ, МУАССИСАҲО ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ
Санаи 15 майи соли 2026 ҷаласаи тақсимотии хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо намояндагон вазоратҳои соҳавӣ идораҳо, корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ баргузор гардид. Чунончи намояндаҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино ва Шоҳмансур, ҶСК “Барқи тоҷик”, ҶСК “Азот”, КВД “Амонатбонк”, КВД”Содиротбонк”, КМД заводи таҷрибаӣ ҳарбӣ Вазорати мудофиаи ҶТ, ҶДММ “КНАУФ Маркетинг Душанбе”, ҶДММ “Покиза-М”, Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқии “Имод”-и ҶСК Тоҷикгидроэлектромонтаж, ҶСК “СГЭМ”, гуруҳи татбиқи лоиҳаҳо ТТЛ, ҶСК ТГЭМ, ҶСП “Вавилон-М”, ҶСК “Телерадиоком”, КВД Лоиҳакаш”, ҶСК “САНИИОСП” ва Тоқик Телеком иштирок намуданд.
Чорабиниро Тоҳир Маҷидзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ҳадафи асосии ҷаласа таъмини пайванди устувори низоми таҳсилоти олӣ бо бозори меҳнат, баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии мутахассисон ва ҷалби хатмкунандагон ба фаъолияти истеҳсоливу идорӣ арзёбӣ гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба тақсимоти мутахассисони ҷавон аз рӯйи ихтисос, мутобиқати донишҳои назариявию амалии донишҷӯён ба талаботи муосири соҳаҳои энергетика, технология, сохтмон, нақлиёт ва саноат мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор дода шуданд.
Намояндагони муассисаҳо ва корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ, густариши таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва ҷалби хатмкунандагон ба фаъолияти касбӣ ибрози назар намуданд. Таъкид карда шуд, ки тақсимоти дурусти хатмкунандагон омили муҳими рушди сармояи инсонӣ, таъмини бозори меҳнат бо кадрҳои баландихтисос ва татбиқи стратегияҳои миллии рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.