ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ДУЮМИН ФЕСТИВАЛИ ДӮСТИИ ҶАВОНОНУ ВАРЗИШГАРОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ТАҲТИ УНВОНИ «ЗЕБОӢ, ДОНОӢ ВА ТАВОНОӢ АЗ ВАРЗИШ АСТ»

 13.11.2021

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонону варзишгарони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» аз рӯйи намудҳои волейбол, футболи хурд, гӯштини миллӣ, ки рӯзҳои 20.09.2021 то 27.09.2021 баргузор гардид, иштирок намуданд.

Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши донишгоҳ барои иштирок дар ин мусобиқаҳои бонуфуз аз рӯйи намудҳои волейбол, футболи хурд, гӯштини миллӣ дастаҳои мунтахаби донишгоҳро байни донишҷӯён дар ҳайати омӯзгорон-мураббиёни кафедра – Толибов Х.М., Назарамонов Ш.Ш. ва Исматов И.Г сафарбар намуд. Дар намуди волейбол 13 даста иштирок намуданд ва дар умум дастаи донишгоҳ бо ҳашт даста бозӣ гузарониданд. Аз 8 бозӣ 5 дастаро бо ҳисобҳои гуногун дастаи мунтахаби донишгоҳ бурда, дар се бозӣ бо се даста бохтанд. Бозиҳо тариқи даврӣ гузаронида шуданд. Дастаи донишгоҳ дар вохӯрӣ барои ҷойи 3-юм бо ҳисоби 1 бар 2 шикаст хӯрд ва сазовори ҷойи 4-ум гардид.

Мусобиқа 6 рӯз давом кард. Дар дастаи мунтахаби донишгоҳ 12 нафар варзишгар ва як мураббӣ иштирок намуданд.

Бозиҳои мусобиқаи футболи хурд дар майдони Душанбе-арена баргузор гардидаанд. Дар мусобиқа 13 даста иштирок намуданд. Дастаи донишгоҳ бо се даста се вохӯрӣ гузаронид. Бозии 1-умро бохта, бозии 2-юм бо дастаи дигар мусовӣ ба анҷом расид ва дастаи донишгоҳ ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфта, барои ҷойи 3-юм бо ҳисоби 2 бар 1 ғолиб гардид.

Дар намуди гӯштини миллӣ, ки мусобиқа аз рӯйи 4 вазн – вазнҳои 65 кг, 70 кг, 75 кг ва 80 кг баргузор гардид, дастаи мунтахаби донишгоҳ дар ҳайати 4 нафар варзишгар ва 1 нафар мураббӣ иштирок намуд. Дар мусобиқа аз 13 даста 52 нафар паҳлавон иштирок намуданд, аксари паҳлавонони иштирокчиёни мусобиқа номзадҳо ба варзиш ва устодони варзиш буданд, ки дар ин мусобиқаи бонуфуз варзишгарони донишгоҳ – Азиззода Ф. аз факултети ТИ дар вазни 75 кг ҷойи 3-юмро ишғол намуд. Варзишгари дигари мо Гулов Ҳ. аз факултети Нақлиёт дар вазни 65 кг ҷойи 2-юм ва варзишгари сеюми мо Азиззода А. аз факултети ТИ дар вазни 65 кг ҷойи 4-умро ишғол намуданд.

   

М.С. Маҳмарасулов – мудири кафедраи тарбияи ҷимонӣ ва варзиши донишгоҳ.


Назад к списку