ТАШРИФИ ҲАМКАСБОНИ УКРАИНӢ БА ДОНИШГОҲ

 12.05.2021

Рӯзи 31-уми марти соли равон дар доираи намоишгоҳ-ярмаркаи “Study in Ukraine” намояндагони маориф ва илми Украина аз Донишгоҳи миллии техникии Лутск, Академияи ҳавонавардии Донишгоҳи миллии авиатсионӣ, Донишгоҳи миллии авиатсионӣ, “Донишкадаи авиатсионии Харков”-и Донишгоҳи миллии аэрокайҳонии ба номи М. Жуковский, Донишгоҳи миллии политехникии Полтава ба номи Ю. Кондратюк, Донишгоҳи миллии киштисозии ба номи адмирал Макаров, Донишгоҳи миллии автомобилию роҳсозии Харков ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ташриф оварданд.

Меҳмононро ректори донишгоҳ – Давлатзода Қ.Қ. истиқбол намуда, бо онҳо мулоқот анҷом дод.

Мавриди зикр аст, ки меҳмонон бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳои дуҷонибаи таълимию илмӣ ташриф оварда, барои пешрафти муносибатҳои тарафайн замина гузоштанд.

Зимни мулоқот як қатор масъалаҳои марбута, аз ҷумла вусъати ҳамкориҳо дар самти табодули таҷриба, ҳамкориҳои илмӣ ва омодакунии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи муосир мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар анҷоми мулоқот беш аз 10 шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.


Назад к списку