Баргузории тренинг доир ба беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ барои пиёдагардон ва дучархаронон

 12.03.2022

Дар доираи лоиҳаи «Бо ҷалби ҷавонон беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ барои пиёдагардон ва дучархаронон тавассути таблиғот ва сохтмон дар шаҳри Душанбе» дар якҷоягӣ бо ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» санаи 4-уми марти соли 2022 дар кафедраи истифодабарии нақлиёти автомобилии факултети нақлиёт тренинг баргузор гардид.
Дар чорабинӣ ба ҳайси тренер мутахассиси байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сохтмони роҳ барои велосипедронон Гела Квашилава баромад намуд.
Зимни тренинг тавассути рӯнамо, маводҳои видеои ва интерактивӣ ба донишҷӯён вобаста а беҳтар намудани вазъи бехатарии ҳаракат дар роҳ барои пиёдагардон ва дучархаронон маълумот пешниҳод карда шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку