ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ

 22.05.2021

Дар асоси супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ рӯзи 22.05.2021 дар атрофи ҳавлии бинои асосии донишгоҳ, бинои дуюм (атрофи ҳавлии факултети Технологияҳои инноватсионӣ), ҳавлии бинои факултети Сохтмон ва меъморӣ (воқеъ дар маҳаллаи Моҳи нав), ҳавлии бинои факултетҳои Нақлиёт, Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва факултети муштараки ДМТБ-ДТТ (воқеъ дар шаҳраки Политехникум), инчунин атрофи гулгашти шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 (воқеъ дар рӯ ба рӯйи “Ласточка”, ки ба донишгоҳ вобаста карда шудааст) шанбегӣ доир карда шуд. Ин чорабинӣ дар чорчӯбаи ободонию кабудизоркунӣ, тозаю озода кардани атроф бахшида ба пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар шанбегӣ иштироки 161 нафар устодону кормандон ва 308 нафар донишҷӯён ба таври муташаккилона ба роҳ монда шуда, корҳои тозакунӣ ва рӯбучини гирду атроф ва роҳравҳо (1330 м2), даравидани алаф (1280 м2), нармкунии зери дарахтон (137 адад), кашонидани партов ба партовгоҳҳо (13 м3), тозакунии ҷӯйбор (632 м), тозакунии дару тирезаҳо (281 адад) ва тозакунии мизу курсиҳо (1080 адад) ва монанди инҳо анҷом дода шуданд.

Чунин намуди корҳо ба таври доимӣ – рӯзҳои шанбе ва якшанбе дар донишгоҳ доир карда мешаванд ва боиси қайд аст, ки ин амалҳои ободкорона ба ҳукми анъана даромада, ҳавливу гулгаштҳои назди биноҳои донишгоҳ намуди дигар ва ободу зеборо гирифтаанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку