КОНСТИТУТСИЯ - НИШОН АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР

 03.11.2023

КОНСТИТУТСИЯ - НИШОН АЗ ДАВЛАТИ СОҲИБИХТИЁР
Санаи 3-юми ноябри соли 2023 дар толори асосии факултети муҳандисӣ-техникии Донишгоҳи миллии техникии Беларус – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (ФМТ ДМТБ – ДТТ) ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ таҳти унвони “Конститутсия - нишон аз давлати соҳибихтиёр” баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур декани факултет Қаландарбеков И.И., сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ Муродов А.А., сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ҷурахонзода Р.Ҷ. ва дигар устодони донишгоҳ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷамъомадро декани факултет Қаландарбеков И.И. ифтитоҳ намуда, бо як ҷаҳон таманниёти бепоён ин ҷашни фархунда, яъне 29-умин солгарди рўзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин табрик намуда, нақши онро дар таҳкими давлатдории миллӣ беназир арзёбӣ намуд.
Ҳамзамон, сардори шуъбаи ташкилӣ-тарбиявӣ Муродов А.А. ва сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Ҷурахонзода Р.Ҷ. вобаста ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳамияти он дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ баромад намуда, ёдовар гардиданд, ки қабули Конститутсия барои бунёди давлати соҳибистиқлол ва аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Дигар падидаи муҳиме, ки барои ташаккули арзишҳои соҳибихтиёрӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ замина гузошт, ин дар сатҳи Қонуни асосии кишвар эътироф ва эҳтироми меъёрҳои аз ҷониби умум пазируфташудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор меравад.
Дар фарҷоми ҷамъомад аз ҷониби садорати факултет як қатор донишҷӯён бо мақсади ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, таҳсили хубу аъло ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ бо ифтихорнома қадрдонӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯйи курси 2-юми ФМТ ДМТБ – ДТТ Бобохуҷазода Исмоилҷон Юнус дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҷойи 1 гардид ва ректори донишгоҳ, профессор Давлатзода Қудрат Қамбар ғолибони озмун ва роҳбарони онҳоро бо мукофотҳои пулӣ ва сипоснома ҳавасманд гардонид.

Назад к списку