Зимнего школа

 03.02.2025

МАРОСИМИ КУШОДАШАВИИ МАКТАБИ ЗИМИСТОНА ДАР ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С.ОСИМӢ
Дар доираи эълон гардидани «Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар соли ҷорӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ маросими кушодашавии мактаби зимистона дар мавзуи "Коҳиши хатари офатҳои табиӣ, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии хатари пиряхҳо дар ҷомеаҳои устувори минтақаҳои куҳӣ” баргузор гардид.
Бо мақсади ҷонибдорӣ аз ташаббусҳои глобалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аввалин мактаби зимистонаро бо ҷалби донишҷӯён ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, намояндагони муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва дигар ниҳодҳои дахлдори соҳавӣ баргузор намуд.
Баргузории мактаби зимистонаи мазкур барои ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ яке аз чорабиниҳои муҳим ва басо таърихӣ ба ҳисоб рафта, ин аввалин чорабинии сатҳи баланд дар соли ҷорӣ аст, ки ба татбиқи бандҳои дахлдори харитаи роҳи Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи солҳои 2025-2035 дар самти робитаҳои байналмилалӣ вобастагӣ дорад. Чорабинии мазкур то санаи 6 феврал идома намуда, дар ин давра баргузории машғулиятҳои назариявию саҳроӣ вобаста ба мавзуъҳои дахлдори самт пешбинӣ гардидааст.
Дар суханронии худ маърузачиён қайд намуданд, ки ташкил ва баргузории Мактаби зимистона дар мавзуи тағйирёбии иқлим, махсусан обшавии пиряхҳо ва кам намудани хавфу хатарҳои офатҳои табиӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои муҳими кишвар ба ҳисоб меравад.
Баргузории Мактаби зимистона ба баланд бардоштани огоҳӣ дар самти коҳиш додани хатари офатҳо ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, мусоидат ба муколама ва мубодилаи дониш байни муҳаққиқон ва донишҷӯён, мусоидат ба таҳияи лоиҳаҳои гендерӣ, ҳамгироии донишҳои назариявӣ ва амалӣ, ташкили платформаи ҳамкорӣ барои донишҷӯён ва мутахассисон оид ба ҳалли идоракунии устувори офатҳои табиӣ ва ба даст овардани таҷрибаи амалӣ тавассути корҳои саҳроӣ, семинарҳо ва машқҳои амалӣ бо татбиқ намудани дониши назариявӣ дар амал равона гардидааст.

Назад к списку