МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ БАРОИ ДАРЁФТИ ҶОМИ ИТТИФОҚИ КАСАБАИ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

 18.03.2022

Рӯзҳои 17 ва 18-уми марти соли 2022 ба муносибати таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мусобиқаи шоҳмот байни устодону омӯзгорони донишгоҳҳои шаҳри Душанбе барои дарёфти Ҷоми Иттифоқи касабаи кормандони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бо мақсади тақвият бахшидани дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ, солимии ҷомеа, баланд бардоштани оммавияти варзиш баргузор гардид.

Ин намуди бозии таърихӣ дар байни мардуми тоҷик маҳбубияти хос дорад ва ҳаводорони зиёди ин намуди мусобиқа бо завқи хос дар ин чорабинӣ иштирок намуданд.

Дар ниҳояти мусобиқа ғолибон муайян гардиданд: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон сазовори ҷойи аввал, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сазовори ҷойи дуюм ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ сазовори ҷойи сеюм дониста шуданд. Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол туҳфаҳои хотиравӣ, ифтихорнома ва сипосномаҳои раиси иттифоқи касабаи кормандони донишгоҳ супорида шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку