ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

 19.03.2022

Имрӯз - 19-уми марти соли 2022 дар бинои факултети Сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Наврӯзи байналмилалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта шуд.

Ректори донишгоҳ - Давлатзода Қ.Қ. таманниёти наврӯзии худро иброз дошта, ҳамагонро бо Соли нави аҷдодӣ муборакбод намуд. Тамошои дастархони идона, ки факултетҳои донишгоҳ бо анвои ҳафт сину ҳафт шин ва дигар хӯрокҳои миллӣ ороста буданд, баракат аз омад-омади Наврӯз ва фасли эҳёи табиат буд.

Пас аз баромад ва суханронии ректори донишгоҳ ба як қатор устодони фаъол нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Баъдан бо баробари ба саҳна ворид гардидани маликаи наврӯзӣ ва бобои деҳқон чорабинии фарҳангӣ оғоз шуда, суруду таронаҳои наврӯзӣ танинандоз гардид. Суруди суманак, баҳорияҳо, таронаҳои наврӯзӣ аз ҷониби ҳар як намояндаи факултетҳо суруда шуданд.

Инчунин дар чорабинии имрӯза ҳофизи халқии кишвар - Сангалӣ Мирзо ҳамагонро бо янчанд суруд муборакбод намуд.

Хӯрокҳои пӯхтаи ошпазони моҳири донишгоҳ файзу баракати дигари ҷашни наврӯзии донишгоҳ ба ҳисоб мерафт.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку