Вохӯрӣ бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд

 01.04.2022

Рӯзи 31-уми март аъзоёни раёсат ва устодони донишгоҳ бо намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби донишгоҳ муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Абдулло Мамадамон, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Шаҳриёр, мудирони кафедраҳо ва устодон ва аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ҳамоҳангсози барномаҳо Тахмина Ҳакимова ва тренер Зулфия Розиқова иштирок намуданд.

Зимни вохӯрӣ имкониятҳои иштироки устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар лоиҳа ва барномаҳои Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуда, доир ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ мубодилаи андеша карда шуд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку