Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_iu89ep9kktnthofmh1mkj2a681): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: filectime(): stat failed for /var/www/web.ttu/sessions/sess_lklgch79j04usfdka8ks0gu1cl in /var/www/web.ttu/index.php on line 20

Warning: unlink(/var/www/web.ttu/sessions/sess_lklgch79j04usfdka8ks0gu1cl): No such file or directory in /var/www/web.ttu/index.php on line 20
ЧОРАБИНӢ ДАР ХОБГОҲИ №4

ЧОРАБИНӢ ДАР ХОБГОҲИ №4

 08.04.2022

Рӯзи 5-уми апрели соли 2022 дар хобгоҳи №4-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ тибқи нақшаи таҳиягардида бо донишҷӯён оид ба мавзӯи “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо – омили асосии беҳдошти сатҳи зиндагии мардум” бо иштироки кормандони шуъбаи ташкилию тарбиявӣ – Раҳимова С.С., дотсенти кафедраи ТМваТИП – Равшанов Д.Ч., муовини декан оид ва тарбияи факултети Технологияҳои инноватсионӣ Сафаров Б. суҳбат-машварати озод доир гардид.

Сокинони хобгоҳ – донишҷӯён аз баромади Раҳимова С.С., Равшанов Д.Ч. ва Сафаров Б. доир ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маълумоти кофӣ гирифтанд. Саволу ҷавоби озод, суҳбати самимӣ ва дархӯри рӯзгори мардум завқмандии ҷавононро ба ин гуна чорабиниҳо ва риояи ҳатмии ҳама гуна қонунҳо бедор карда, фаъолият ва масъулияти онҳоро баланд намуд.

изображение_viber_2022-04-05_06-03-46-968изображение_viber_2022-04-05_06-03-48-038изображение_viber_2022-04-05_06-03-50-005изображение_viber_2022-04-05_06-03-51-300изображение_viber_2022-04-05_06-03-52-248изображение_viber_2022-04-05_06-03-53-225

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку