Аксияи эҷодӣ дар боғҳои пойтахт

 11.04.2022

Субҳи рӯзи якшанбе - 10-уми апрели соли равон донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ҳамроҳ бо устодони кафедраҳои дизайни муҳити меъморӣ ва тармим ва меъморӣ ва шаҳрсозӣ дар Боғи Куруши Кабир ва Боғи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии пойтахт аксияи эҷодӣ баргузор намуданд.
 
Иқдоми мазкур барои тавсеаи ҷаҳонбинии меъмории донишҷӯён, истифодаи дурусти муҳити меъморӣ ва банақшагирии шаҳрсозӣ таъсири мусбат мерасонад. Аз ин лиҳоз, дар мувофиқа бо роҳбарият мудирияти кафедраҳо тасмим гирифтанд, ки минбаъд дар боғҳои пойтахт чунин чорабиниҳои эҷодиро баргузор намоянд.
 
Иқдоми мазкур бо ташаббуси бевоситаи ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ. роҳандозӣ карда шудааст. Бо супориши ректори донишгоҳ дар вақтҳои барои устодон ва донишҷӯён мувофиқ аксияҳои эҷодӣ баргузор карда мешаванд.
278071803_7702847909740204_8214282637844143143_n278083959_7702847533073575_1757966902784346290_n278159864_7702847693073559_5033311080353766759_n278116518_7702847413073587_7071626444687906996_n278077817_7702847186406943_6614462529550028181_n278115720_7702848073073521_5036957688973676432_n278088047_7702848216406840_7723272855171737088_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку