Аксияи эҷодӣ дар Боғи Ирам

 18.04.2022

Субҳи 16 апрел донишҷӯёни кафедраи меъморӣ ва шаҳрсозии факултети сохтмон ва меъморӣ ҳамроҳ бо устодон дар Боғи Ирами пойтахт аксияи эҷодӣ баргузор намуданд.
Аксияи мазкур дар доираи иқдоми ректори донишгоҳ баргузор гардида, он барои тавсеаи ҷаҳонбинии меъмории донишҷӯён, истифодаи дурусти муҳити меъморӣ ва банақшагирии шаҳрсозӣ таъсири мусбат мерасонад.
Дар мувофиқа бо роҳбарият мудирияти кафедраи меъморӣ ва шаҳрсозӣ тасмим гирифтааст, ки минбаъд низ дар боғҳои пойтахт чунин чорабиниҳои эҷодиро баргузор намоянд.
278314659_7736091649749163_5821323165408702770_n278447122_7736094609748867_7289703249649182429_n278611968_7736093903082271_3687703223296663926_n278671363_7736094876415507_7516649549291906971_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку