Семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 60-солагии Кобулӣ Зайналобудин Валӣ

 20.04.2022

Имрӯз - 19.04.2022 бо ташаббуси садорати факултети технологияҳои инноватсионӣ ва кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экология семинари илмӣ-амалӣ бахшида ба 60-солагии доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобаста Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Кобулӣ Зайналобудин Валӣ ташкил ва баргузор гардид.

Дар семинар намояндагони Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, наздикон ва шогирдони марҳум, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Дар рафти семинар иштирокчиён доир ба зиндагӣ ва фаъолияти профессор Кобулӣ Зайналобудин Валӣ, дастовардҳо ва мактаби бузурги илмии устод суханронӣ намуданд.
Сипас устодони кафедраи бехатарии фаъолияти инсон ва экология дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла «Биодеструкции ТБО и образование фильтрата на примере Полигона ТБО города Душанбе», «Гидрогелий ҳамчун маводи нави оташхомушкунанда» ва амсоли инҳо маърӯза ироа карданд.
278606255_7746883725336622_5094225458796035145_n278844098_7746882258670102_6258306364116428192_n278646343_7746881788670149_910578067391118563_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку