Муаррифии имкониятҳои Устохонаи Лу Бан ба устодони донишгоҳ

 22.04.2022

21-уми апрел мутахассисони чинӣ аз Донишгоҳи касбӣ-техникии шаҳрсозии Тянҷин ба устодони факултети сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ имкониятҳои Устохонаи Лу Банро муаррифӣ карданд.

Устохонаи Лу Бан комплекси бузурги таълимӣ-истеҳсолӣ аст, ки бо дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосири ҷиҳозонида шудааст. Имкониятҳои ин устохона барои бамаротиб баланд бардоштани натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, таълимӣ ва истеҳсолии устодони донишгоҳ, махсусан устодони факултети сохтмон ва меъморӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки Устохонаи Лу Бан дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аввалин иншооти типи мазкур дар Осиёи Миёна хоҳад буд.
278828756_7754483027910025_5365852882600330094_n278956258_7754483361243325_911480791001251222_n278818171_7754485894576405_7310638500752532016_n278792451_7754483197910008_5400801467942475084_n278792131_7754483744576620_6160007837106812546_n278764571_7754484904576504_5401136580337425275_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку