Рӯзи "Дарҳои кушод"-и китобхонаи донишгоҳ

 22.04.2022

Рӯзи 22-юми апрели соли 2022 дар китобхонаи донишгоҳ рӯзи «Дарҳои кушод» бо иштироки донишҷӯёни факултети Энергетикӣ ва омӯзгори ин факултет Давлатшоев Д.Д. гузаронида шуд. Директори китобхона Неъматова С.Ҷ. ва Давлатшоев Д.Д. ба донишҷӯён оид ба китобҳои нодир ва зарурӣ барои омӯхтану хондан, истифодабарии китобҳо барои навиштани корҳои лабораторӣ ва курсӣ, истифодабарии феҳристҳои анъанавӣ ва электронӣ, истифодабарии китобхонаи электронӣ ва тарзи аъзо шудан ба китобхона гуфтанд.

Ин чорабинӣ барои ба донишҷӯён омӯзонидани тарзи дурусти истифодаи китоб ва боз ҳам бедор кардани завқи китобдӯстӣ байни ҷавонон доир карда шуд.

Муносиб ба зикр аст, ки чунин чорабиниҳо сари вақт дар китобхонаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ташкил карда мешаванд.

Безымянный.jpg-1Безымянный.jpg-1.jpg-2_2

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку