ХОНАНДАИ ЛИТСЕЙИ ТЕХНИКӢ – ҒОЛИБИ ОЛИМПИАДА

 23.04.2022

Аввали моҳи апрели соли 2022 Умарова Таманно – хонандаи синфи 11-и Литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз фанҳои табиӣ-риёзӣ (синфи 11) аз фанни биология сазовори ҷойи дуюм дониста шуд.

Маросими супоридани ҷоизаҳо дар Кохи Суруш баргузор гардид, ки ба Умарова Таманно диплом ва медали нуқраи ғолиби олимпиада аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳимҷон Ҳамро супорида шуд. Инчунин аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин хонандаи болаёқат 75 хол ҳангоми дохилшавӣ ба донишгоҳ туҳфа карда шуд.

Умарова Таманно

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку