3-юми майи соли ҷорӣ Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид.
Дар кори Шӯро муовинони ректор, деканони факултетҳо, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, кафедраҳо ва профессорон иштирок доштанд.
Зимни баргузории Шӯрои олимон ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қ.Қ. ба сардори маркази дарёфти лоиҳаҳо ва грантҳои донишгоҳ Анварова Г. барои бомуваффақият анҷом додани Лоиҳаи рушди таҳсилоти олӣ сертификати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳониро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.