7-уми майи соли 2022 дар факултети муштараки ДМТБ-ДТТ-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи Ғалаба таҷлил гардид. Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳои сохтори ташкилию тарбиявии донишгоҳ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур донишҷӯёни ва собиқадорони меҳнати донишгоҳ ҳузур доштанд.
Дар ин ҳамоиш мудири шуъбаи ташкилию тарбиявии донишгоҳ - Сатторова М. доир ба ҷанги мудҳиш ва Ғалабаи халқи муташаккили давлати абарқудрат, ки мо - тоҷикон низ дар ин пирӯзӣ саҳми бузург дорем, суханронӣ кард. Инчунин хусусиятҳои тарбиявӣ, ватандӯстӣ, сарсупурдагии тамоми аҳолии кишвари паҳновар - мардону занон ва ҳатто кӯдаконро ҳам дар ҷабҳаи пеши ҷанг ва ҳам дар ақибгоҳ дар бармадҳояшон Маҷидов Т.С., Ғайбуллоева З.Ҳ., Орифова Х., Амонатова Ф. ва якчанд донишҷӯёни факултети муштараки ДМТБ-ДТТ қайд намуданд.
Дар охири ҳар як суханронӣ баромадкунанда ҳамагонро бо ин рӯзи хотирмон, рӯзи пирӯзию фатҳу зафар - Рӯзи Ғалаба бар фашизм, ки ҳамасола сар то сари олам рӯзи 9-уми май ҷашн гирифта мешавад, таҳният намуданд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.