Машварати корӣ оид ба татбиқ ва дарёфти лоиҳа ва грантҳо

 14.05.2022

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 майи соли равон дар толори маркази таълимии инноватсионӣ машварати корӣ оид ба татбиқ ва дарёфти лоиҳа ва грантҳо баргузор гардид.
Дар машварат муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, сардори раёсати илм ва инноватсия, сардори маркази дарёфти лоиҳа ва грантҳо, устодони ботаҷриба ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни машварат сардори маркази дарёфти лоиҳаҳо ва грантҳои донишгоҳ Анварова Гулнора вобаста ба имкониятҳои ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар самти таълим, илм ва рушди пояи моддӣ-техникии кафедраҳо тавассути рӯнамо маълумот пешниҳод намуда, самтҳои афзалиятнокро барои ҷалби грантҳо ва лоиҳаҳо муайян карданд.
Сипас миёни иштирокчиён доир ба усули татбиқи лоиҳаҳо, таъмини устувории онҳо ва мавзӯҳои мавриди диққати сармоягузор мубодилаи афкор ба миён омад.
281087225_7861830167175310_6087523139604545090_n280939061_7861830747175252_8700535341205899588_n280683021_7861825280509132_7077365686729255163_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку