15-уми майми соли 2022 коллективи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар чорабинии варзишии Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ иштирок намуданд.
Боиси таваҷҷуҳ ва дастгирист, ки чорабинии мазкур ҳамасола дар доираи ҳафтаи ҷавонон баргузор мегардад ва донишгоҳ низ бо ифтихормандӣ аз сиёсати ҷавонпарваронаи Роҳбари давлат ва шукргузор аз сулҳу ваҳдати миллӣ иштирок менамояд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.