ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН ДАР ДОНИШГОҲ

 17.05.2022

17-уми майи соли 2022 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда шуд.

Дар ин чорабинӣ Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмонзода А.Қ., Раиси Идораи кор бо ҷавонони шаҳри Душанбе - Раҳимзода Ш.А. ва дигар намояндагони ин мақомоти давлатӣ аз ноҳияи Шоҳмансур низ ширкат варзиданд.

Ибтидои чорабинӣ аз тамошои намоиши ихтироот ва эҷодиёти донишҷӯёни донишгоҳ оғоз гардид. Баъдан дар толорҳои варзишии донишгоҳ дастовардҳои варзишгарон ба намоиш гузошта шуд. Дар давоми чорабинӣ меҳмонон аз озмоишгоҳи мошинсозӣ, озмоишгоҳи Ал-Ҷазарӣ ва боғи ҷавонони донишгоҳ дидан карданд.

Пас аз тамошои шавқангез меҳмонон ба толори маҷлисгоҳи асосии донишгоҳ раҳнамун гардиданд, ки дар он ҷо маҷлиси тантанавӣ сурат гирифт. Баъди садо додани Суруди миллӣ Давлатзода Қ.Қ. - ректори донишгоҳ ҳамагонро бо Рӯзи ҷавонон муборакбод намуд. Инчунин Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раҳмонзода А.Қ. низ бо сухани табрикотӣ баромад намуда, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ваҳдатофариву сарҷамъсозии ҷавонон, дастгирии бепоёни ҷавонон ва сулҳу осоиштагии имрӯза муҳим ва таърихӣ номид.

Инчунин пас аз баромад ва суханронҳо аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва раёсати донишгоҳ ба як қатор ҷавонони пешқадам ва фаъол туҳфаву ифтихорномаҳо супорида шуданд.

Дар охир дастаи фарҳангии "Муҳандиси ҷавон" бо барномаи зебои фарҳангӣ табъи ҳамагонро шод намуд.

IMG_3353IMG_3347IMG_3357IMG_3397IMG_3467IMG_3437IMG_3785IMG_3788IMG_3831IMG_4009IMG_3801IMG_3837IMG_3894IMG_4009IMG_3993IMG_4064IMG_4063IMG_4072IMG_4078IMG_4080IMG_4092IMG_4107IMG_4116IMG_4126IMG_4152IMG_4192IMG_4209IMG_4238IMG_4403IMG_4492IMG_4457IMG_4503IMG_4540IMG_4587IMG_4610

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку