Ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ

 23.05.2022

Дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳимҷон Саидзода ҷаласаи Шӯрои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовинони вазири маориф ва илм, аъзоёни Шӯро - ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Нахуст вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи иштирокдоронро ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омодасозии мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат ҷалб намуда, дар идома дар қатори дигар проблемаву мушкилоти ҷойдошта аз ҷумла зикр кард, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ яке аз мушкилот ба таври зарурӣ риоя нагардидани Низомномаи низоми кредитии таҳсилот мебошад.
Дар идомаи ҷаласа гузориши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ Давлатзода Қ.Қ. оид ба «Ҷараёни иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми январи соли 2020, №1445 «Дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С. Осимӣ» ва дигар роҳбарони муассисаҳо шунида шуд.
Инчунин дар масъалаҳои ҷорӣ низ як қатор масъалаҳои марбут ба фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
281498341_7902747856416874_2405376561266813460_n281769290_7902747469750246_168949723916502238_n280947875_7902747206416939_837303135487998707_n280960065_7902748013083525_8366374610218466189_n282130822_7902748429750150_1374312377044635596_n281271059_7902747699750223_25051772963495209_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку