Ифтитоҳи озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ

 27.05.2022

26-уми майи соли равон дар доираи амалисозии лоиҳаи DigEco бо иштироки ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар дар факултети Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ ифтитоҳ гардид.
Дар маросими ифтитоҳ аъзоёни Раёсати донишгоҳ, деканҳои факултетҳо, мудирони кафедра, устодон ва донишҷӯён иштирок доштанд.
Зимни маросими ифтитоҳ ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қ.Қ. доир ба нақши озмоишгоҳи иқтисодиёти рақамӣ дар татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ минбаъд низ дар самти мустаҳкам кардани пояи моддӣ-техникӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳо чораҳои муассирро роҳандозӣ мекунад.
Озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ бо дастгоҳ ва таҷҳизотҳои муосир барои омӯзиши иқтисоди рақамӣ таъмин мебошад. Дар озмоишгоҳ барои шахсони имконияташон маҳдуд, пеш аз ҳама барои нобиноён шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Инчунин, барои анҷом додани корҳои тадқиқотӣ озмоишгоҳ бо моноблокҳои иқтидорашон зиёд таъмин гардидааст.
Боиси тазаккур аст, ки мақсади асосии лоиҳа DigEco, ки дар доираи он озмоишгоҳи иқтисоди рақамӣ бунёд гардид, ин татбиқи иқтисодиёти рақамӣ дар ҷараёни таълим буда, он барои таъмини рушди устувори иқтисодиёт дар Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар доираи лоиҳа бозсозии барномаҳои таълимии ҷорӣ бо татбиқи барномаҳои таълимии бисёрсоҳавӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ ва фароҳам овардани имкониятҳо барои таълими фарогирӣ дар соҳаи иқтисодиёти рақамӣ пешбинӣ шудааст.
282666369_7923473951010931_1075105436332168492_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку