Мулоқоти Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷӣ

 03.06.2022

Санаи 2-юми июни соли равон дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ мулоқоти аъзоёни Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷии факултетҳои энергетикӣ ва механикӣ ва технологӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Маҳмадизода Муродалӣ Маҳмадӣ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Саъдуллозода Шаҳриёр Саъдулло, деканони факултетҳо ва дигар шахсони масъул иштирок карданд.
Аъзоёни Раёсати донишгоҳ бо донишҷӯёни хориҷӣ доир ба тартиби баргузории имтиҳонҳо дар донишгоҳ сӯҳбат анҷом доданд.
Инчунин, зимни мулоқот донишҷӯёни хориҷӣ суханронӣ карда, аз раванди таълим дар донишгоҳ ва будубоши худ дар хобгоҳҳои он изҳори қаноатмандӣ намуданд.
 
 
 
 
 
 
 
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку