Ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ зери унвони «Аниси кунҷи танҳои китоб аст...»

 20.06.2022

Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон зери унвони «Аниси кунҷи танҳои китоб аст...» бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, донишҷӯйи курси 2 Муқимов Шаҳриёр аз фанни математика ва донишҷӯйи курси 3 Тураев Умедҷон аз фанни физика сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Санаи 15 июни соли равон ҳайати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо роҳбарии ректори донишгоҳ профессор Давлатзода Қудрат Қамбар дар маросими қадрдонии ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардид, иштирок намуданд.
Зимни чорабинӣ ғолибони олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим Ҳамро қадрдонӣ карда шуданд.
Боиси таваҷҷуҳ аст, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ пайваста дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла озмуну олимпиадаҳои минтақавӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
288678750_8044661442225514_3025227870028062209_n287493872_8044661315558860_114888945464091332_n289227035_8044661132225545_8242305440789782129_n
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

Назад к списку