Маросими тақдими китобҳои дарсиву бадеӣ ба литсейи техникӣ

 23.06.2022

22-юми июни соли 2022 маросими тақдими китобҳои дарсиву бадеӣ ба литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид.

Дар маросим муовинони ректор, намояндагони Агентии федералии «Россотрудничество» ва ҳайати васеъи намояндагони васоити ахбори оммаи Федератсияи Россия, омӯзгорону хонандагони литсейи техникӣ иштирок намуданд.

Тибқи дархости Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ аз ҷониби Агентии федералии «Россотрудничество» ба литсейи техникии донишгоҳ шумораи зиёди китобҳои дарсӣ ва бадеии чопи соли 2022 тақдим карда шуд. Иқдоми мазкур дар доираи татбиқи ҳадафҳои Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф, инчунин озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» роҳандозӣ гардид. Маводҳои таълимиву методии болозикр ба хонандагони литсей пурра ройгон пешниҳод карда мешаванд.

Зимни маросими болозикр намояндагони агентии федералӣ ва ҳайати намояндагони васоити ахбори оммаи Федератсияи Россия аз синфхонаҳои фаннӣ, устохона, озмоишгоҳҳо ва дигар утоқҳои таълимии литсейи техникӣ боздид карданд.

Мавриди зикр аст, ки литсейи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ муассисаи таълимии равияи табиӣ-риёзӣ буда, ҳамасола хонандагони синфҳои 5-11-ро ба дарс фаро мегирад. Дар литсей омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба хонандагон дарс мегӯянд.

290152777_8058624204162571_7220151486302635891_n

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.

#TTU #TTU_international #TTU_таълим #TTU_илм #TTU_2022


Назад к списку