ИДОМАИ АТТЕСТАТСИЯИ УНВОНҶӮЁН ВА ДОКТОРАНТОНИ ДОНИШГОҲ

 25.06.2022

24-уми июни соли 2022 дар доираи ҳафтаи аттестатсионӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ  аттестатсияи солона ва ҷамъбастии унвонҷӯён ва докторантони PhD баргузор гардид. Дар ин рӯз унвонҷӯён ва докторантони PhD аз факултетҳои сохтмон ва меъморӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ доир ба фаъолияти илмию тадқиқотии худ ҳисобот доданд.

Унвонҷӯён ва докторантон бо омодагии хуб натиҷаи корҳои илмӣ ва тадқиқотии худро пешниҳод намуда, барои фаъолияти ояндаашон дастурҳои зарурӣ гирифтанд.

Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа.


Назад к списку