Таҳсил дар Австрия

 16.12.2022

Study-in-Austria-BSCE

ЭЪЛОН

Таҳсил дар Австрия.

Шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба иттиллоъи донишҷуён, унвонҷӯён ва кормандони донишгоҳ мерасонад, ки ҷониби кишвари Австрия барои донишҷӯён, унвонҷӯён ва олимон дар доираи бурсияҳои Ф. Верфел, Р. Плашки ва Э. Мах бурсияҳои таҳсилӣ барои соли таҳсили 2023-2024 ҷудо намудааст. Тартиби бақайдгирӣ ва маълумоти иловагӣ дар сомонаи www.grants.at оварда шудааст.

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон дар Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, тел.: +992(372) 23-23-59) ба роҳ монда шудааст.


Назад к списку